Асосӣ

«Паёми филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе» (силсилаи илмҳои гуманитарӣ ва иқтисодӣ) — маҷаллаи илмии тақризшаванда мебошад, ки соли 2016 таъсис ёфтааст (Шаҳодатномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон № 0247/ЖР аз 17 декабри соли 2015, № 194/ЖР аз 19 марти соли 2021, № 343/ЖР–97 аз 28 майи соли 2024). Маҷалла мақолаҳои илмӣ-таҳқиқотиро ба забонҳои русӣ, тоҷикӣ ва англисӣ нашр намуда, масъалаҳои мубрами илмҳои гуманитарӣ, иқтисодӣ ва таҳқиқоти байнисоҳавиро инъикос менамояд.

«Паёми филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе» (силсилаи илмҳои гуманитарӣ ва иқтисодӣ) маҷаллаи ҳарсемоҳа мебошад.

Самтҳои илмии маҷалла:

  • Филология; Иқтисодиёт; Ҳуқуқ.

Муаллифони маҷалла кормандони филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе (устодон, аспирантон ва докторантон), мутахассисони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Москва ва донишгоҳҳои хориҷӣ мебошанд. Маҷалла ба рӯйхати нашрияҳои илмии тақризшавандаи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардида, дар Шохиси илмии иқтибосоварии Россия (ШИИР) ба қайд гирифта шудааст.