ТАРТИБИ ТАҚРИЗИ МАҚОЛАҲОИ ИЛМӢ, КИ БАРОИ НАШР ДАР МАҶАЛЛАИ «ПАЁМИ ФИЛИАЛИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ МОСКВА БА НОМИ М.В. ЛОМОНОСОВ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ» ПЕШНИҲОД МЕГАРДАНД
Мақолаҳое, ки ба ҳайати таҳририя ворид мегарданд, аз ташхиси пешакӣ мегузаранд (он аз ҷониби аъзои ҳайати таҳририя – мутахассисони соҳаи дахлдори илм гузаронида мешавад) ва тибқи тартиби муқарраргардида қабул карда мешаванд. Талабот нисбат ба тартиби таҳияи нусхаи аслии мақолаҳо дар ҳар шумораи маҷалла нашр мегардад.
Ҳамаи мақолаҳои ба ҳайати таҳририя пешниҳодшаванда бояд маводи аслӣ бошанд. Ҳангоми истинод ба корҳои дигар муаллифон риояи дақиқии иқтибосоварӣ ва нишон додани манбаъ ҳатмӣ мебошад. Ҳайати таҳририя мақолаҳоеро, ки барои нашр дар дигар нашрияҳо омода гардидаанд ё қаблан нашр шудаанд, қабул намекунад.
Дар сурати қабул гардидани дастнавис, ҳайати таҳририя ба муаллиф эродҳо ва тавсияҳои марбут ба мазмун ва тартиби таҳияи мақоларо ирсол менамояд, ки бояд то фиристодани матн барои тақриз бартараф карда шаванд.
Баъдан мақолаҳо ҳатман аз ҷониби аъзои ҳайати таҳририяи маҷалла ё коршиносони ихтисоси дахлдор (номзадҳои илм ва докторони илм) тақриз карда мешаванд.
Тақриз бояд рӯйхати асосноки бартариҳои мақоларо дар бар гирад, аз ҷумла:
– навгонии илмии масъала;
– аҳамияти илмӣ ва мубрамияти мавзуъ;
арзиши воқеӣ ва таърихии мавод;
– дурустии иқтибосоварӣ;
– услуби баён;
– истифодаи манбаъҳои муосир;
инчунин рӯйхати асосноки камбудиҳои мақола бояд пешниҳод карда шавад.
Дар қисми хотимавии тақриз баҳодиҳии умумии мақола ва тавсияҳо барои ҳайати таҳририя пешниҳод мегарданд, аз ҷумла:
– тавсия барои нашри мақола;
– тавсия барои нашри мақола пас аз такмил;
– ирсол барои тақризи иловагӣ ба мутахассиси соҳаи муайян;
– рад намудани мақола.
Ҳаҷми тақриз набояд аз як саҳифаи матн кам бошад.
Мақолае, ки барои нашр қабул шудааст, вале ба такмил ниёз дорад, бо эродҳои тақриздиҳанда ва муҳаррир ба муаллифон баргардонида мешавад. Муаллифон уҳдадоранд ҳамаи ислоҳоти заруриро ба нусхаи ниҳоии дастнавис ворид намуда, матни ислоҳшуда, нусхаи электронии ҳамсон ва нусхаи аввали дастнависро ба ҳайати таҳририя пешниҳод намоянд.
Пас аз такмил мақола дубора тақриз мешавад ва ҳайати таҳририя оид ба нашри он қарор қабул мекунад. Мақола дар ҳолате барои нашр қабулшуда ҳисобида мешавад, ки тақризи мусбат гирифта, аз ҷониби аъзои ҳайати таҳририя дастгирӣ ёфта бошад.
Тартиб ва навбати нашри мақола вобаста ба санаи ворид гардидани нусхаи ниҳоии он муайян карда мешавад.
Тақризи дастнавис ба таври махфӣ анҷом дода мешавад. Фош намудани маълумоти махфии марбут ба раванди тақриз ҳуқуқҳои муаллифро вайрон менамояд. Ба тақриздиҳандагон иҷозат дода намешавад, ки барои эҳтиёҷоти шахсии худ аз мақолаҳо нусхабардорӣ намоянд. Тақриздиҳандагон ва инчунин аъзои ҳайати таҳририя ҳуқуқ надоранд маълумоти дар дастнавис мавҷудбударо то нашр гардидани он ба манфиати шахсии худ истифода баранд.
